Гар буд дар пеши меҳмон , неъмати алвони лазиз
Нест дар коми карам , ҷуз хӯрдани меҳмони лазиз
Дар мазоқам то шудам аз заҳри фурқати талхи ком
Ҳеҷ неъмат нест чун ҷамъияти ёрони лазиз
Ҳаст ҳарфи тунди носеҳи талх бар биҳослон
Пеши соҳиб кишт бошад тундии борони лазиз
Бе гирифтани фии алмисл додани муяссар гар шудӣ
Дар мазоқи аҳли ҳоҷат , мишдии эҳсони лазиз
Лиззати дигар буд бо неъмат бе интизор
Вақти хоҳиш беш бошад пистаи хандони лазиз
Зиндагӣ чун талх шуд , ширин шавад заҳри аҷал
Дарди зӯровар чу гардад , мешавад дармони лазиз
зи аҳли хизмати айшҳо бркс гуворо мешавад
Неъмати алвон дунё нест бе дандони лазиз
Ғайри танҳоӣ ки ширкат бар наме тобади зи ғайр
Неъматӣ дар ком ҳиммат нест бе меҳмони лазиз
Хоксорони рости ҷо дар тоқи дилҳо бештар
Об дар зарфи сафолин беш бошад зони лазиз
Сахт рӯйонанд дар коми ҷаҳони баси ногувор
Чун таоми хом , кон набӯд бар перони лазиз
Зиндагар созанди аввал , охир аз миннати кашанд
Нест оби зиндагӣ аз кӯзаи дунони лазиз
Куштан нафасаст дилро воъизи оби зиндагӣ
Шарбатӣ чун хӯн душман нест бар мардони лазиз