Давлатӣ нест ба аз теғи ту бибоки маро

Сарнавиштӣ набӯд ҷузи хами фитроки маро

Ончунон гаштаам аз заъф , ки баъд аз мурдан

Растани сабза , бурун оварад аз хоки маро

Ҳар нафаси оби ҳаётии кашам аз теғ касе

Ба рухи дил дар файзӣаст з ҳар чоки маро

На чунон бар сари кӯии ту зи худ гуми гаштам

Ки ба ғарбол тавон ёфт аз он хоки маро

Бскаҳи кӯтоҳ буд рӯзи висолаши воъиз

Тарсам аз ҷайб ба доман нарасад чоки маро