Чу ранги хеш , ҳрдми инқилоб сокинӣ дорам

Чу ҷӯши бодаи доими изтироб сокинӣ дорам

зи худ ҳар чанд бигурезам , ҳамон дар банд худ бошам

Роми оҳӯии тасвирам , шитоб сокинӣ дорам

Мабош эй соҳили ғам , чашм бар роҳам ; ки ман киштӣ

Басони ҷавҳари теғаш дар об сокинӣ дорам

Дилам чун соғари чашмат на ҳар ҷоеаст дар маҳфил

Бирав соқӣ , ки ман ҷоми шароб сокинӣ дорам

Биёбон кард шаҳр ҳастемро чашми оҳӯе

Ки аз баси ҳайраташи мавҷи сароб сокинӣ дорам

Набошад пой рафтан аз дили ман , биқрорӣ ро

Чу зулфи хубрӯёни печу тоб сокинӣ дорам

зи бас дар гирди кулуфт мондаам аз нотавонӣҳо

Чу ҷӯши сабза дар хоки изтироб сокинӣ дорам

Наомад умр бар сари воъизи айёми ҷудоӣ ро

зи бахти бад , чаҳ чарху офтоб сокинӣ дорам ? !