Ғам буд ғам , шароби даравишон
Дил буд дил , кабоби даравишон
Ҳаст рухсори ҳасани сират ро
Зулф , аз печу тоби даравишон
Шаб шавад толеъ аз сияҳи рӯзӣ
Шамъи сони офтоби даравишон
Ҳамчуи об аз шино хӯрд барҳам
Олам аз изтироби даравишон
Дил тангаст , дар китоби вуҷӯд
Нуқтаи интихоби даравишон
Гоҳу бегоҳ дар раҳ талабанд
Кӣ надонад шитоби даравишон !
Бетолиб нестанд то ҳастанд
Хоб маргаст хоби даравишон
Хоб нозаст магару бистари гӯр !
Роҳати тан , азоби даравишон !
Дили шаб , бскаҳ дар ҳисоб худанд
Ҳаст рӯзи ҳисоби даравишон
Аз варақҳои пардаҳои дил аст
Ғунчаи осои китоби даравишон
Нест ҳарфи инки хезад аз дилашон
Хӯн чакад аз кабоби даравишон
Ғами дунё , бмнъми арзонӣ
Ғам ишқаст боби даравишон
Бошад азбҳри дафъи боди ҳаво
Талхии ғами гулоби даравишон
Охири умр , аз ҷўонбхтӣ
Ҳаст айни шабоби даравишон
Ҳаст нури шикастаи рангии ишқ
Ҳамаи шаби моҳтоби даравишон
То туе дар ҳисоби худ воъиз
Нестӣ дар ҳисоби даравишон