Қоматамгар ин чунин аз ғами ду то хоҳад шудан

Ҳам зи худ чун беди маҷнӯнам , Асо хоҳад шудан

Хизр агар бошӣ , бнхли зиндагонӣ дил мабанд

Оқибати оби бақо , бод фано хоҳад шудан

Косаи фағфур каз овораи нихват пар аст

Бисдо чун косаи кшгўл гадо хоҳад шудан

Онкӣ аз кибраст сар то пои раги гардан чу шамъ

Оқибати чини ҷабинаш , нақш по хоҳад шудан

Гарчи худро бо таноби зиндагии печида ӣӣ

Банди бандати оқибат аз ҳам ҷудо хоҳад шудан

Ҷониби афтодагон , дастӣ ки месозӣ дароз

Дар кафати ҳангоми афтодан , Асо хоҳад шудан

Ҳар кафи ноне , ки дар анбон дарвешӣ кунӣ

Пеши ҳақ аз баҳри ту даст дуо хоҳад шудан

Сояи дасти навозиш бар сари бечорагон

Дар қиёмат , барги нахл муддао хоҳад шудан

Улфатӣ кин ҷисми лоғар бо қаноат карда аст

Устихонами оқибати ризқ ҳумо хоҳад шудан

Аз чароғи меҳри гетӣ , равшании воъизи мҷўӣ

Кулбаи мо равшан аз субҳ ҷазо хоҳад шудан