ё раб аз хоби гарони ғифлатам бедор кун
Бо ҳавои кӯии худ зин мастем ҳушёр кун
Давр кун неши ҳавасҳои ҷаҳонро аз дилам
Ғунчаамро дар ҳавои худ гул бехор кун
То зи хӯни фосиди андешаҳо гирдами сабк
Аз нигоҳи эътиборам , нштрӣ дар кор кун
Хотирамро аз ғам дунё бидиҳ пои гурез
Зоремро аз ҳавасҳои ҷаҳон безор кун
Тира шуд дил аз хаёли хати сабзи глрхон
Чеҳра ойӣнаамро , поки азин зангор кун
То дарави сӯзади хасу хошок ҳар андеша ӣӣ
Оташи сӯзи диламро , доманӣ дар кор кун
Аз сумум беғамӣ , воъизи басӣ пажмурда аст
Аз ҳавои худ , гулашро шабнамӣ дар кор кун