Нахли шамъ , аз чашми гирён сарбаландӣ ёфта ,

Шохи гули сад ҷои шикаст аз ҳарза хндӣ ёфта !

Гар шарафи хоҳӣ , бикун бо зердастони марҳамат

Меҳр бо ма карда то гармӣ , баландӣ ёфта

Аҳли бениш дидаанд аз чашми бемор батон

Кончаҳ ҳар кас ёфта , аз дардмандӣ ёфта

То нашуд ойӣна хокистар нишин , рӯе надид

Карда ҳаркаси хоксорӣ , арҷмандӣ ёфта

Рутба мехоҳӣ , паноҳ халқ бош аз ҳар ҷиҳат

Хок аз девории мардум , баландӣ ёфта

Аҳли хайр эмин наянд аз санги ҷаври ҳосидон

Мумиёеи сад шикаст аз сӯдмандӣ ёфта

Ростӣ кун то ба дилҳо ҷо кунӣ , каз ростӣ

Пандҳои талхи воъиз , дилписандӣ ёфта