Бо ман ҳамеша дард ту дорад аноятӣ

Сад шукр каз ғами ту , надорам шикоятӣ

Афтодаанд , аз раҳи афтодагӣ ба давр

ё раб ба хеши гумшудагонро ҳидоятӣ

Аз молу ҷоҳ , ҳаст сухани пойдортар

Аз малики ҷам чаҳ монда ба ғайр аз ҳикоятӣ ? !

Шавқи ҷамоли дӯсти маро дар дили ҳазин

Чун неъмат биҳишт надорад ниҳоятӣ

Моро зи турраи ту парешон тараст ҳол

Дорем аз нигоҳи ту чашми риоятӣ

Дуздида ме тавон зи Рахши дӣдании рабӯд

Тарсами шикасти ранги намояди съоитӣ

Ҳастем хаста , марҳами Лутфӣ , тараҳҳумӣ

Гаштем серума , гӯшаи чашми аноятӣ

Бо хеш , мо ҳисоб ба васл ту ме кунем

Пеш ту бугзарад агар аз мо ҳикоятӣ

Анҷом ҳаст шикваи моро зи ҳиҷри ту

Дорад шаби фироқи ту ҳамгар ниҳоятӣ

Умрами куҷо ба шукр ҳамин мекунад вафо

Каз ман касе надошта ҳаргизи шикоятӣ

Шуд пои судаи сандали дарди сари ватан

Хуштар надидаам зи ғарибии вилоятӣ

Ҳарҷо ки ёри мост , буд он диёри мо

Воъиз чаро кунем зи ғурбати шикоятӣ ? !