Кунад пайваста бо он теғи абрӯ ҳар ки дмсозӣ
Брнги мардуми чашмам , кунад бо хӯни худ бозӣ
Бибин дар аслу фаръ ҳар ниҳолӣ , то шавад равшан
Ки бошад хоксорӣ , решаи нахли сарафрозӣ
Бғмозӣ агар душмани зи айбам парда баргирад
Кадомин айб бошад зишттар аз айби ғаммозӣ ? !
Саропо гарчи айбам , ин ҳунар дорам ки аз айбам
Тавонад халқии афтодан ба фикри айби худ созӣ
Ба рӯму чин буд нисбати яке , аҳли таҷарруд ро
Нагардад ҳеҷ маънӣ аз иборати туркӣу тозӣ