Дӯст донад забони хомӯшӣ
Нола ! ҷони ту , ҷони хомӯшӣ !
Ком гӯшӣ накарда ҳаргизи талх
Ёри ширини забони хомӯшӣ
Бад наяндешад аз барои касе
Ҳамдами меҳрбони хомӯшӣ
Сарфароз , он забон ки ҷой гирифт
Чун алиф дар миёни хомӯшӣ
Ҳаст беобу ранги лаъли лабӣ
Кон набошад зи кони хомӯшӣ
Аз газанд ҷаҳон бикаш худ ро
Дар ҳисори амони хомӯшӣ
Хасмро афганд зи асби ғурур
Найзаи ҷони ситони хомӯшӣ
Сари душмани ниФгнд дар пеш
Ғайри теғи забони хомӯшӣ
Ҳаст ширин шудан ба коми ҷаҳон
Самари бӯстони хомӯшӣ
Кас чаро ранҷад аз хамӯш ? ки нест
Хор дар гулистони хомӯшӣ
Шӯх ва ҷилфаст баси каммияти забон
Мада аз кафи Аннани хомӯшӣ
Нест гӯшӣ , вагарна бисёр аст
Ҳарфҳо дар миёни хомӯшӣ
Гар матоъи наҷот май талабӣ
Нест ҷуз дар дукони хомӯшӣ
Бош воъиз хамӯш , зонкаҳ ба васф
Нест муҳтоҷи шани хомӯшӣ