Раҳ ишқаст , ком аз тарк мегардад равои ӣнҷо

Гадоёнро каф дарюза бошад пушти пои ӣнҷо

Надорад ҳуби ҷоҳу давлат аз аҳли фанои рангӣ

Биҷои сояи пар май афканди боли ҳумои ӣнҷо

Чунон гарданкашӣ айбаст дар иқлӣми дарвешӣ

Ки дар торикии шаб қад кашад нахли дуои ӣнҷо

Намояди хокро , ҳар дам ба ангушти Асои перӣ

Ки имрӯзаст ё фардо ки хоҳад буд ҷои ӣнҷо

зи бас дар ишқ , улфат нест ҷуз бо дӯсти ошиқ ро

Ба нақши бӯрё паҳлу нагардад ошнои ӣнҷо

Ҳамоил мешавад дар гардани маъшӯқ дар уқбо

Ҳамон дастӣ ки воъиз мекашӣ аз муддаои ӣнҷо !