Бас ки савдо оварад бозору шаҳру хона ҳо
Тарсами охир шаҳр гардад дашт аз девона ҳо
Кӣ гушоишро буд раҳ дар дили фарзонаҳо ?
Даштро ҳаргиз нагунҷонида кас дар хона ҳо
Он қадари файзӣ ки соҳиби хона аз меҳмони барад
наметавон гуфт ки меҳмонанд соҳиби хона ҳо
Нест оқили ғайр дар банди таъаллуқро балад
Роҳи шаҳри офиятро пресс аз девона ҳо
Сохтанд ободи дилҳоро зи ганҷи эътибор
Бо ободон , илоҳии хонаи вайрона ҳо
Душмананд ононкаҳи лоф ҷон фишонӣ ме зананд
Бар чароғат ҷумла домонанд ин парвона ҳо