зи дасти ақл ба ранҷам биор ҷоми шароб

Баннои ақл магар гардад аз шароби хароб

Бирав ба кӯии харобот ва мепарастӣ кун

Ки ин калид наҷотаст ва он тариқи савоб

Латифаҳои наоне расад ба гӯши дилам

зи савти барбату оҳанги чангу бонги рубоб

Ба як таҷаллии ҳасани азали зи баҳри вуҷӯд

Шуд ошкори ҳазорон ҳазор шакли ҳубоб

Ҷаҳон ва ҳарчӣ дар ӯ ҳаст пеши аҳли назар

Назири хоб ва хаёласт акси зилли туроб

Аҷаби мадор ки шаб то ба субҳи бедорам

Аҷаб буд ки дар ояд ба чашми ошиқи хоб

Қарору сабри зи ошиқи мҷу ки натавонад

Ба ҳукми ақл маҳоласт ҷамъи оташу об

Биё ва ин ман ва моро ту аз миён бурдор

Ки ғайри ин ман ва мо нест дар миёнаи ҳиҷоб

Набӯда бе майу маъшӯқи солҳо ваҳдат

Ба даври лолау гули рӯзгори аҳди шабоб