Ишқ ба як сӯ фиканд парда чу аз рӯй зот

Шуд зи миёни ғайри зоти ҷумлаи феълу сифот

Ҳар ман ва мое ки ҳаст меравад андари миён

Чун ки ба охир расед силсилаи мумкинот

Даст з ҳастӣ бишӯй то шавадат рӯй дӯст

Ҷилвагар аз шаш ҷиҳат гарчи надорад ҷаҳот

Ҳамраҳе Хизр кун дар зулмоти фано

Вар на ба худ кӣ рисӣ бар сари оби ҳаёт

Ҳар ки ба лаъли лабаши Хизри сифати паии барад

Ёфт ҳаёт абад раст зи ранҷи мамот

Сар ба иродати буна дар қадами раҳравӣ

Каз сухани дилкашаш ҳал шавадат мушкилот

Баъди чиҳил соли зуҳди ваҳдати прҳизкор

Тарк ҳарам карду гашти мӯътакифи сўмнот