Бар онкии мурӣд майу маъшуқа ва ҷом аст

Ҷузи дӯсти Наими ду ҷаҳони ҷумла ҳаром аст

Тарки сару ҷони гири пас онгоҳ биёсоӣ

Ореи сафари ишқи ҳамин як ду се гом аст

Аз аввали ин бодия то каъбаи мақсӯд

Дидем ва гузаштем аз ӯ чор мақом аст

Чун толибу матлӯбу талаб ҳар се яке шуд

Ҳангом висоласт дигар сайр тамом аст

Ҳар хоҷа ки дар бандагии ишқи камари баст

Кӣ дафъ кунад нангу куҷои толиб ном аст

Маълум шавад оқибат аз ранҷи раҳи ишқ

Кин ҳамсафарони пухта кадомаст ва ки хом аст

Ҳушдор ки зоҳид назанад роҳи ту эй дӯст

Таҳти алҳнку сбҳаҳ ӯ дона ва дом аст

Ваҳдат аҷабӣ нест ки дар баҳри муҳаббат

Гар банда шавад хоҷа агар шоҳ ғулом аст