Муҳаррами рози худои дили девонаи мост

Махзани ганҷи ниҳони синаи вайронаи мост

Машъали хур ки фурӯзон шуда бар саҳни сипеҳр

Пуртӯй аз маи рухсораи ҷононаи мост

Бодаи афрӯз ки хуршед меақл фурӯз

Ҳар саҳари ҷилвагар аз машриқи паймонаи мост

Бирав эй зодаи афсурда ки дар маҳфили дӯст

Мо чу шамъему хилоиқи ҳамаи парвонаи мост

Моу тасбеҳ шумурдани зи куҷо то ба куҷо

Зулфи парчин батон сбҳаҳи сад донаи мост

Ончӣ аз зулф батон боз кунад чину шикан

То каманди дил ушшоқ шавад , шонаи мост

Андари ин арз ва самовот нагунҷад ваҳдат

Қалби ту арш манасту дили ту хонаи мост