Баъд аз ин хизмати он сарв равон хоҳам кард
Хизматаш аз дилу ҷон дар ду ҷаҳон хоҳам кард
Пой бар тахти ҷаму афсар кӣ хоҳам зад
Сари фидо дар қадами пер Муғон хоҳам кард
Гирд ҳар гӯшаи вайрона ба ҷон хоҳам гашт
Кунҷи дили махзан ҳар ганҷ ниҳон хоҳам кард
Бе рухи дӯст дигар хӯн ҷигар хоҳам хӯрд
Дидаро соғару паймона он хоҳам кард
Солҳо дар раҳи ишқи ту қадам хоҳам зад
Умрҳо номи туро вирд забон хоҳам кард
Меҳр рӯй ту ҳамаи ҷой ба дил хоҳам дод
Ғами ишқи ту дигар мӯнис ҷон хоҳам кард
Вҳдто гуфт туро аз бар худ хоҳам ронад
Гуфтамаш хӯни дил аз дида равон хоҳам кард