Тарки ман аз хона бе ҳиҷоби баромад

Моҳи сифат аз дили саҳоби баромад

Оқибатам шуд висоли дӯсти муяссар

Дидаи бахтам дигар зи хоби баромад

Ишқ надонам чаҳ ҳолатаст ки аз вай

Соҳати дарё ба изтироби баромад

Лавҳ чу пзрФти номи ишқ , дилу ҷон

Дар бар гардун ба печу тоби баромад

Ин ҳамаи шӯр муҳаббатаст ки ҳар дам

Бонги неу нолаи рубоби баромад

Май ба қадаҳи рехт аз гулӯии суроҳе

Субҳ бихандеду офтоби баромад

Турбати Мансур чун расед ба дарё

Нақши ано алҳақ зи мавҷи оби баромад

Баҳр ҳақиқат намӯд ҷунбишӣ аз хеш

Мавҷ падед омаду ҳубоби баромад

Шоҳиди мақсӯди ваҳдат аз рухи зебо

Парда барафканад ва бе ниқоби баромад