Дил бе ту таманно накунад кӯии мно ро

Зеро ки сафойӣ набӯд бе ту сафо ро

Чун ҳасану ҷамоли ту буд мавҳибат аз ҳақ

Дидори ту тавҷеҳ кунад рӯзи лақо ро

Равшан шавад аз партави анвори ҳақиқат

Аз лавҳи дил ар пок кунӣ ранги риё ро

Албата дамии мунҳариф аз қибла нагардад

Ҳрсўӣ бигардоне агар қиблаи намо ро

Шак нест ки бошад агарат дидаи ҳақи байн

Ҳарҷонигарӣ майнигарӣ ваҷҳи худо ро

Дар ошиқӣу меҳру вафо боядат эй дӯст

Омухти зи ҷони бохтагони расми вафо ро

Аз ноӣ ту бар гӯш расад нағмаи тавҳид

Чун ваҳдат агар соз кунӣ шӯру наво ро