Онкӣ ҳар дам занадам новаки ғам бар дили риш
Зуд бошад ки пушаймон шавад аз карда хеш
Бишинав ин нукта ки дар мазҳаби риндон куфр аст
Риндӣу ошиқӣу огаҳӣ аз мазҳабу кеш
Ҷилваи гоҳи назар шоҳид ғайбанд ҳама
Каъбаи зоҳиду кӯии санаму дайри кишӣш
Ба нигоҳӣ ки кунад дидаи дил аз дасти мада
Сафари водӣ ишқаст ва хатарҳо дар пеш
Дил шуд аз ҳиҷри ту бемор ва нагуфтам ба табиб
Зонка бемори раҳ ишқ надорад ташвиш
Аз кам ва беш раҳ ишқ миндиш ки нест
Ошиқонро ба дили андешаи раҳ аз кам ва беш
эй дили ин панди ҳакӣмонаи шинав аз ваҳдат
Хотирӣ риш макун то нашӯй зору пареш