Хезу рӯовар ба миъроҷи яқин

Бебарроқу рФрФу рӯҳи аломин

Нестии миъроҷ мардон худост

Нест миъроҷи ҳақиқати ғайр аз ин

Сарнавишти ошиқон яксар балост

Ишқ шуд бо дард ва бо меҳнати қарин

Дар ҳақиқати ҷамъи об ва оташ аст

Лофи ишқу огаҳӣ аз куфру дайн

Дасти зан бар домани девонагӣ

Давр кун аз хеши ақли дурбин

Дидаи худбини худобин кӣ шавад

Гуфтамат рамзӣ бирав худро мубин

Дил дар он чоҳи занхдони пои ниҳод

Шуд Флотўни муҳаббат хам нишин

Ошиқ он бошад ки нашносад зи ҳам

Ҷангу сулҳу лутфу қаҳру меҳру кин

Бе ту бошад ошиқонро субҳу шом

Нолаи ҷонсӯзу оҳи оташин