Бар боди фано то надиҳӣ гирди худӣ ро

Ҳаргиз натавон дид ҷамоли аҳадӣ ро

Бо худ назарӣ дошт ки бар лавҳ қалам зад

Калаки азалии нақши ҷамоли абадӣ ро

Ҷонҳо фалакӣ гардад , агар ин тани хокӣ

Берун кунад аз худ сифати деву дадӣ ро

Дар рақси даройади фалак аз замзамаи ишқ

Чунон ки шутур башнавад оҳанги ҳаддӣ ро

Мо аз кутуби ишқи нхўондим ва надидем

Ҷузи дарсу хати бихўдӣ ва бехурдӣ ро

ё бӯса мазан бар лаби минои муҳаббат

ё дар хам тавҳид фикан неку бадӣ ро

Гули бзмгаҳ хусравӣ орост чу бишунид

Аз мурғи саҳари замзамаи борбадӣ ро

Дарвеш ба сад афсар шоҳӣ нафурӯшад

Як мӯӣ аз ин куҳнаи кулоҳи нмдӣ ро

ё раб ба ки ин нукта тавон гуфт ки ваҳдат

Дар кӯй санам ёфта роҳи самадӣ ро