Гар ҳарфи зи калла паз кунам сар

Гардад ба даҳонами оби кавсар

Бо чеҳра ӣ чун чароғи рангин

Бошад чу фатилаи ҷомаи чиркин

Тобон чу чароғи шоми диҷўр

Бо ҷома ӣ чарб ва рӯй пари нур

Чун пой наад касе бидон кӯ

Сарҳо фаршаст дар раҳ ӯ

Чун калла ки мекашад бар сих

Сар бар хат ӯст кӯдаку шайх

Аз ҳайрати оризи накӯяш

Аз хок нишастагон кӯяш

Чун поча ба дег , перу бурно

Нашинохтаанд , даст аз по