Наҷҷор писар занад ҳамеша
Бар пои дилами зи ҷаври теша
Бар бистар коҳишам фиканда
Чун таҳтаи бзири захми ринда
То омад ва рафт он писар дид
Дар синаи дилам ғубор гардид
Гомӣ ки ниҳода пас кашида
Чун арраи умеди ман бурӣда
То дили зи хаёл ӯ кабоб аст
Зу ?дане ва ақабем харобаст
Чун арраи зи дасти он париваш
Ҳастам зи ду сари дарин кашокаш
То бо ғам ӯ маро шумор аст
Ҳақ аз ду тараф ба даст ёр аст
Чун ваҷд кунам чу матаи оҳанг
Сӯрох шавад зи ваҷди ман санг
Чун арра буд ба чашми душман
Аз хори ҷафоаши сина ӣ ман
Бинмуд бар устихони ман пӯст
Бар панҷараи коғаз аз ғами дӯст
Рухсораи чунин ва дар маҳорат
Ҳастанд зи қудрати ҳақи оят
Банданд дар аз вуқуфи чолок
Аз таҳта ӣ рӯзу шаб бар афлок