Сайёф ки хандааш чу қанд аст

Чун теғ , нигоҳ ӯ кушанда аст

Он оҳӯии чин чу нохуни шер

Дар каф дорад ҳамеша шамшер

Бар шамшераши ғарибу бӯмӣ

Моланд ҷабин чу санги рӯмӣ

Чун теғи з ҷавҳараст душвор

Аз дом , раҳои гирифтор

Моро шудаи устихони азин дом

Шамшер чу моҳён дар андом

Аз абрӯии оннигор фаттон

Афтодаи гузораи тири мижгон

Ин теғ ки ҳам чу зулфиқор аст

Дар дида чу теғи рахна дор аст

Бар сафҳа ӣ ӯ навиштаи тақдир

Бо хати ғубор , шакли шамшер