Таббохи зи пухтагии марои сӯхт
Аз сӯхтанами Рахш бар афрӯхт
Ҳаст аз хати сабзи он гиромӣ
Субҳам , ки тъб намӯда шомӣ
Дил дар бар ва ман зи ҳайрат ӯ
Ҳар лаҳза кунам фиғон ки куку
Дорам чашмӣ ба рӯй ҷонон
Чун чашми пиёзи ҳалқа , ҳайрон
Сӯзи дилам аз рақиби қлош
Ҳамчун магаси фитода бар ош
Аз дӯд , дилам шудаст гирён
Ман чун нашавам кабоби бирён
Дар сина ӣ ман дили мушавваш
Каз даврӣ ӯ буд дар оташ
Нолон шуда , ашк чун чакида
Чун равғани доғи оби дида
Ҳар гоҳи нафас кашам диҳад бӯ
Дами пухти дилами зи оташ ӯ
Аз ҳасрати он изори гули пӯш
Бошад дили ман чу дег дар ҷӯш
Ҳар як ба забони тарку тоҷик
Чун шуъла буд бзири он дег
Дилро афзуд , аз фиғони дард
Ин ош нагашт аз нафаси сард