зи пеши дида то ҷонон ман рафт
Ту пиндорӣ ки аз тани ҷон ман рафт
Агар худ ҳамраҳ ҷонон нарафтам
Вале фарсангҳо афғон ман рафт
Сару сомони мҷу аз ман чу рафтӣ
Ту чун рафтӣ сару сомон ман рафт
Чаҳ дид аз ман ки чун бар ҳам задам чашм
Чу ашк аз дидаи гирён ман рафт
Аз он печам ба худ чун мор , ваҳшӣ
Ки ганҷи кулбаи вайрон ман рафт