Ба зери лаби ҳадиси талхи кـон бидодгар дорад

Буд заҳрӣ ки баҳри куштани мо дар шукр дорад

Балои ҳиҷру дарди иштиёқи пери канъонӣ

Касе донад ки чун Юсуфи азизӣ дар сафар дорад

Надорад иштиёқи васли ширини кӯҳкан варна

Ба зарби тешаи сад чун бесутун аз пеши
бардорад

Итоб олӯда омад бода дар сари даст бар ханҷар

Кадомин бегунаҳро мекашад дигар чаҳ сар дорад

Касе дорад хабар аз ашку оҳи гарми ман ваҳшӣ

Ки оташ дар дилу доғи надомат бар ҷигар дорад