Хуши он ниёз ки рафъ ҳаё тавонад кард
Нигоҳро ба нигоҳ ошно тавонад кард
Хуши он нигоҳ ки дар ошнои аввал
Шурӯ дар сухан муддао тавонад кард
Хуши он ғурур ки воми ду сади ҷавоби салом
Ба як киришмаи абрӯ адо тавонад кард
Хуши он адо ки ҳазорон ҳазор ваъдаи ноз
Ба ним ҷунбиши мижгон раво тавонад кард
Хуши он фиреб ки дар айни теғи ронданҳо
Алоҷи даъвии сад хўнбҳо тавонад кард
Хушаст тарзи адоҳои хос бо ваҳшӣ
Хуши он ки пайравии тарз мо тавонад кард