Кӣ дидамаш ки қасди дили зор ман накард
Нанишаст бо рақибӣу озор ман накард
Як шамаи кор дар фани ноз ва киришма нест
Каз як нигоҳи чашми ту дар кор ман накард
Гуфтам маранҷ ва гӯш кун аз ман ҳикоятӣ
Ранҷиш намӯду гӯш ба гуфтор ман накард
Хандон нишасту шамъи шабистон ғайр шуд
Раҳмӣ ба гиряҳои шаби тор ман накард
Ваҳшӣ намонад ҳеҷ сиёсат ки ҳиҷри ёр
Бо ҷони хастау дили афкор ман накард