Тоби рух ӯ меҳр ҷҳонтоб надорад

Ҷузи зулф касе пеши Рахш тоб надорад

Хоб оварад афсонау афсонаи ошиқ

Ҳар кас ки кунад гӯш дигар хоб надорад

Паҳлавии ману такяи хокистари гулхан

Девонаи сари бистар санҷоб надорад

Сайли мижаи тарсам ки тан аз пой дар орад

Кин сусти баннои тоқат сайлоб надорад

Гар саҷда кунад пеши ту чандон аҷабӣ нест

Ваҳшӣ ки ҷузи абрӯии ту миҳроб надорад