Малики дилро сипаҳи ноз ба яғмо омад
Дидаро мужда ки ҳангом тамошо омад
То чаҳ кардем ки чун сабзаи зи кӯеи ндмим
Гул ба гулзор шуду лола ба саҳро омад
Партави талъати Юсуф магараш хоҳад узр
Ончӣ бар дидаи ёқӯб ва Зулайхо омад
Ғамза аш кард тамаъ дар дил ва чунаш надаҳум
Хосса акнӯн ки табассум ба тақозо омад
Муждаи умр абад мерасад акнӯн зи лабаш
Сбркни як нафас эй дил ки масеҳо омад
Манъи дили зини раҳи пар тафриқа кардам нишнид
Рафт бо як ҳашари тоқат ва танҳо омад
Бош омодаи фитроки маломати ваҳшӣ
Ки ту дар хобӣу сайёди зи сад ҷо омад