Дар он диёр ки ҳиҷрон буд ҳаёт набошад
Асоси зиндагии Хизрро сабот набошад
Мунодӣаст зи ҳиҷрон ки ҳар ки бандӣ шуд
зи банди хонаи мо дигараш наҷот набошад
Мубин ба зоҳир белутфяш ки ҳаст батон ро
Тағофулӣ ки кам аз ҳеҷ илтифот набошад
Матоъҳои вафо ҳаст дар дкончаҳи ишқам
Ки дар саросари бозор коинот набошад
Ба мазҳаб ки амал мекунӣу кеш ки дорӣ
Ки гуфтааст ки ҳасани туро , закот набошад
Бисоти даврӣу шатранҷи ғоибона ба хубон
Ба худ фурӯ шудаи ваҳшии аҷаб ки мот набошад