Басти забон шикваам лаб ба сухани кушоданаш

Узри итоби гуфтану ваъдаи васл доданаш

Буд ҷаҳони ҷаҳони фиреб аз паии ҷони музтариб

Омадану гузаштан ва рафтану истоданаш

Ноз даманд аз замин , фитна фишонд аз ҳаво

Тарзи хиром кардану по ба замин ниҳоданаш

Ҷазб муҳаббаташ кашад , ҳаст баҳонаеу бас

ӣнҳамаи тунди гаштан ва дар паии ман фитоданаш

Ваҳшӣ агар чунин буд вазъи замонаи баъди азин

Вой бар он ки бояд аз модари даҳр зоданаш