Ба савдои ту машғӯлами зи ғавғои ҷаҳони фориғ

зи ҳиҷри доимии эмини зи васли ҷовдони фориғ

Баланду пасту ҳиҷру васли яксони сохта бар худ

Варои нуру зулмат аз замину осмони фориғ

Суханро шастаи дафтар бар сари оби фаромӯшӣ

Чу гул аз пой то сари гӯш аммо аз забони фориғ

Камонро зиҳи бурӣда , тирро пайкону пурканда

Сипари афкандаи худро карда аз тири вкмони фориғ

Аҷаби мурғӣ на ҷое дар қафаси не аз қафаси берун

зи дому донау парвозгоҳу ошёни фориғ

Бурун аз мурдан ва аз зистани баси булъаҷаб ҷое

Ки онҷо ме тавон бӯдани зи нанги ҷисму ҷони фориғ

Ба шаклии банду хурсандӣ ба номии тоба кӣ ваҳшӣ

Биё то дар навардами гирдам аз ному нишони фориғ