Омадам аз срнў бар сари пайванди қадим

Нав шуд он силсилаи куҳна ва он банди қадим

Омадами ман ба сари гиряи худ ба ки ту низ

Бар сари нози худ оеу шикарханди қадим

Ба вафои ту ки то рӯз қиёмат боқӣаст

Аҳди дерин ба қарори худу савганди қадим

Нахли ту як ду самар дошт ба хомӣ афтод

Ман ва парвардан он нахли барӯманди қадим

Баҳри он ҳалқа ба гӯшем ки будем эй бод

Бирасон бандагии мо ба худованди қадим

Хилватӣ хоҳам ва дар бастаи ваяки муҳаррами роз

Ки гушойами сари розу гилае чанд қадим

Ваҳшии он силсила нав кард ки оянд зи нав

Пндгўёни қадӣмӣ ба сари панди қадим