Чун Тифли ашки парда дар роз нестам

Аз ман мапуаш роз ки ғаммоз нестам

Дар интизори инки магар хондам шабӣ

Як шаб нашуд ки гӯш бар овоз нестам

Бихўди марои ҳикоят ӯ чист бар забон

Гар дар хаёли он бут танноз нестам

Дар базм ишқ нарад Муродӣ наме задам

Зонрў ки чун рақиби дағо боз нестам

Гар тарк хонимон накунам аз барои ту

Ваҳшии ринди хона барандоз нестам