Ронадӣ зи назар , чашми балои дидаи мо ро
Ин чашми куҷо буд зи ту , дидаи мо ро
Сангӣ нафитад ин тараф аз гӯшаи он бом
Ин бахт набошад сари шӯридаи мо ро
Мардем ба он чашмаи ҳайвон ки расонад
Шарҳи аташи синаи тФсидаҳи мо ро
Фарёди зи бади бозии даврӣ ки барафшонад
Ин арсаи шатранҷи фурӯи чидаи мо ро
Ҳиҷрон касе , кард ба як силии ғами кӯр
Чашми дил аз теғ натрсида мо ро
Мо шуълаи шавқи ту ба сад ҳила нишондем
Доман мазан ин оташи пӯшидаи мо ро
Ногоҳ ба боғ ту хазоне бифиристанд
Хурсанд кун аз худ дили ранҷидаи мо ро
Бо ашки фурӯи рехти ситамҳои ту ваҳшӣ
Пошед намак , ҷон харошида мо ро