Дар роҳи ишқ бо дили шайдо фитода ем
Чандон давидаем ки аз по фитода ем
Ошиқи басӣ ба кӯии ту афтодааст лек
Мо дар миёнаи ҳамаи расво фитода ем
Пушти рақибро ҳама қурбасту манзалат
Мардӯди даргаи ту ҳамин мо фитода ем
Мо биксиму сокини вайронаи ғамат
Девонаҳои турфа ба як ҷо фитода ем
Ваҳшӣ накардаем қад аз бори фитнаи рост
То дар ҳавои он қади раъно фитода ем