Мо аҷнабии зи қоида кор оламем
Беҳудаи гирди кӯча ва бозор оламем
Девона тинатем зару санг мо якеаст
Инем агар азиз вагар хор оламем
Бо марказ ва муҳӣт надорем ҳеҷ кор
Ҳаст ӣнқадар ки дар хам паргор оламем
Мо мардумон хона бадушем ва хаш нишин
Не зон гуруҳи хона нигаҳдор оламем
Ҳак карданӣ чу нуқта саҳвем бар варақ
Мо холи айби сафҳа рухсор оламем
Бо синаи бараҳна ба шерон наҳем рӯ
Инсоф нест варна ҷигардор оламем
Ваҳшии русуми роҳату озор бо ҳам аст
Зини одат бадаст ки озор оламем