Новакат бар синаи ин нотавон омад ҳама
Офарини бодо ки тират бар нишон омад ҳама
Шуд нишони тири бедоди ту ҷисми лоғарам
Сади хаданги андохтӣ , бар устихон омад ҳама
Ҷон ва дил кардам нишони пеши хаданги ғамзаи ?ут
Ҷусти тират аз дили зор ва ба ҷон омад ҳама
Ҷони ман гуё нишони тири бедоди ту буд
Зонка бар ҷони ман бехонимон омад ҳама
Бар тан хам гашта ваҳшӣ захмҳо хӯрдам аз ӯ
Тир пуркаш карда зон абрӯ камон омад ҳама