Бар он серум ки наёсоем аз машаққати роҳ
Рӯм ба шаҳр дигар чун ҳилоли аввали моҳ
Ба сабзӣ сар хон касе наёрам даст
Кунам қаноат ва розӣ шавам ба барги гиёҳ
Кашида боди марои майли оҳанӣн дар чашм
Агар кунам ба зари офтоби чашми сиёҳ
Дил чу оинаам тира шуд дар ин пастӣ
Басаст чанд нишинам чу об дар так чоҳ
Ба қаъри чоҳи фанои аҳли ҷоҳ аз он рафтанд
Ки пеши ёр ситамгар намекунанд нигоҳ