Хор мекун , зор май каш , миннатат бар ҷони мост

Хории зоҳири гувоҳи иззати пинҳони мост

Чашми зоҳири байн бар озораст вой ар бингарад

Ин гулистонҳо ки пинҳони зери хорстони мост

Тарк мо кардӣу меҳру лутфи байъат бо ту кард

Нозу истиғно вале ҳам аҳд ва ҳам паймони мост

Бе ризои мости сӯят омадан аз мо маранҷ

Ин на ҷурми мо гуноҳи пои нофармони мост

Бар вуҷӯди мо тилисмии бастаи ҳурмон дарат

Кончаҳи ғайр аз мости девор ва дар зиндони мост

Талх доруӣаст заҳри чашму тарки нӯшханд

Лекини он дардӣ ки мо дорем ин дармони мост

Ақлро бо ишқу ошиқро ба сомон душманӣаст

Бе хиради ваҳшӣ ки дар андешаи сомони мост