Худ ранҷам ва худ сулҳ кунам одатам инаст
Як рӯз таҳаммул накунам тоқатам инаст
Бар ханҷари алмоси ниҳодами зи ту паҳлу
Осӯда дило байн ки зи ту роҳатам инаст
Ҷое ки буд хок ба сади иззати серума
Биқдртар аз хоки раҳам , иззатам инаст
Бо хоки ман омехтаи хунобаи ҳасрат
Зин об сириштанд маро , тинатам инаст
Мелам ҳама ҷоеаст ки хорӣ ҳама онҷост
Бо хислати зотӣ чаҳ кунам фитратам инаст
Ваҳшӣ наравад аз дар ҷонон ба сади озор
Дар асли чунин омадаам , хислатам инаст