Васлам муяссараст вале бар мурод нест

Бар дили нуҳум чаҳ тӯҳмати шодӣ ки шод нест

Ғам мефурухт лек ба андоза мефирист

Як дили даруни синаи мо худ зиёд нест

Ҷое ҳануз нест ба завқи диёри ишқ

Ҳар чанд зулм ҳаст ва ситам ҳаст ва дод нест

эй бевафо бирав ки бар ин аҳдҳои суст

Неи андаки эътимод ки ҳеҷ эътимод нест

Рӯ , рӯ ки ваҳшӣ ончӣ кашид аз ту сусти аҳд

Моро ба хотираст , турогар ба ёд нест