Сӯзи таби фироқи ту дармон пазир нест
То зиндаам чу шамъ аз инам гзир нест
Ҳар дардро ки менигарӣ ҳаст чора Эй
Дард муҳаббатаст ки дармон пазир нест
Ҳеҷ аз дили рамидаи мо каси нишони надод
Пайдо нашуд аҷаб ки ба домӣ асир нест
Бар ман камони макаш ки аз он ғамзаам ҳалок
Бозуи мсози ранҷа ки ҳоҷат ба тир нест
Рафтӣ ва аз фироқи ту аз по даромадам
Бози о ки ҷузи ту ҳеҷ касам дастгир нест
Саҳласт агар гуҳӣ гузарад дар замири ту
Ваҳшӣ ки ҷузи ту ҳеҷ касаш дар замир нест