Ҷузи ғайр касе ҳамраҳи он арбада ҷӯ нест
Бад меравад ин роҳу равиши ҳеҷ накӯ нест
Даврӣ нагузинад зи рақибони сари мӯе
Бо мо кашиши хотир ӯ як сар мӯ нест
Пеши ту сабаб чист ки мо кам з рақибем
Ойини вафодории мо худ кам азу нест
Гӯйии сухан аз меҳр ба ҳар бераҳу рӯе
Ҳеҷат зи ҳам овозии ин тайифа рӯ нест
Зин дар баравадгар ғаразат рафтан ваҳшӣаст
Ҳоҷат ба тағофул задану тундӣ ху нест