Биё ваҳшӣ хамӯшӣ то кӣ ва чанд

Хамӯшӣ гарчи ба пеши хирадманд

Хамӯшӣ пардаи пӯш роз бошад

На монанди сухан ғаммоз бошад

Чу дилро муҳаррам асрор карданд

Хамӯширо амонат дор карданд

Бар он кас каз ҳунар иксў нишаста

Хамӯшӣ рахнаи сади айби баста

Хамӯшӣ бар сухангар дар нбстӣ

зи осеби забони як сари нрстӣ

Басои ногуфтанӣ каз гуфтанаши мард

Кунад ҳангомаи ҷон бар бадани сард

Хамӯшӣ посбони аҳл роз аст

Аз ӯ Кебеки эмин аз ошӯб боз аст

Нашуд хомӯши Кебеки кӯҳсорӣ

Аз он шуд туъмаи бози шикорӣ

Агар тӯтии забон май баст дар ком

На худро дар қафас дидӣ на дар дом

На булбул дар қафас бошад зи сайёд

Ки аз фарёд худ бошад ба фарёд

Агар ранҷи қафас дар хоб дидӣ

Чу бутемори сар дар пар кашидӣ

Забони одамӣ бо одамизод

Кунад корӣ ки бо хас мекунад бод

Забон бисёр сар бар бод додаст

Забони сарро адуӣ хона зодаст

Адуии хонаи ханҷар тез карда

Ту аз хасми бурун парҳез карда

Вале онҷо ки бошад ҷои гуфтор

Хамӯшӣ оварад сади нақс дар кор

Агар боист доим буд хомӯш

Забон будӣ абас , бе моҳасали гӯш

Забон ва гӯш додат калаки наққош

Ки гоҳе гӯши шӯ гоҳе забон бош

зи гӯшт нафъ набӯд вази забони суд

Ки бошӣ гӯш чун бояд забон буд

Навои пардоз эй мурғи нўосоз

Ки мурғон дигарро рафт овоз

Ту акнӯн булбулии ин бӯстон ро

Салои бӯстони зани дӯстон ро

Сурӯди тоирони ишқ сар кун

Навои таълими мурғон саҳар кун

Ту дастони зан ки бошад олимии гӯш

Забонҳоро сухан гардад фаромӯш

Китоби ишқ бар тоқ баланд аст

Варои даст ҳар кӯтаҳ писанд аст

Фурӯи гири ин китоб аз гӯшаи тоқ

Ки нагушӯдаш касу Фрсўдши авроқ

Варақи нӯсози ин дерини рақам ро

Вале нозуки тарошии даҳ қалам ро

Агар ҳарфати назокати бор бояд

Қаламро нозукӣ бисёр бояд

Чу мутриб нозукӣ хоҳад дар оҳанг

Занад мизроби нозук бар раги чанг

Қалам бурдору нӯк хома кун тез

Ба ширини нағмаҳои рағбат омез

Навой ишқро кун пардае соз

Ки дар тоқи сипеҳраши печади овоз

Фалак ҳангома кун ҳарфи вафо ро

Барор аз чанги ноҳиди ин наво ро

Ҳадиси ишқи гӯ каз ҷумлаи он ба

з ҳар ҷои қиссаи он достон ба

Муҳаббати номае аз худ буруни ор

Ту худ доне намегӯям ки чун ор

Намӯдории зи ишқи поки бозон

Беонаш аз забони ҷони гудозон

Забони ҷони гудозон оташин аст

Чу шамъаши оташи андар остин аст

Касе каши он забон дар остин нест

Забонаш ҳаст аммо оташин нест

Ҳадиси ишқи оташбор бояд

Забони оташин дар кор бояд