Бабрад аз ман ба ногоҳон ҳавои меҳри он дилбар
Нишот аз ҷон , қарор аз дил , тавон аз тан , хирад аз сар
Лаб ва худу руху хати вайу ҷуз ӯ киро дидӣ
Хат аз сунбул , рух аз лола , хад аз сӯсан , лаб аз шукр ?
Барии пайдо , дилии пинҳон , рухии зебо , қадии нозон
Қад аз сарву рух аз моҳу дил аз оҳан , бар аз мармар
Ба қаду зулфу ҷаъду турра бар дасти он санами гӯйӣ
Гиреҳ аз дому печ аз тобу ранг аз шаб , хам аз чанбар
Ба сони нуру фару акси лавни чеҳр ӯ ноед
Гул аз гулбун , дар аз дарё , ма аз гардун , май аз соғар
Ту гӯйии шаму наму даму хуй бар дасти шахс ӯ
Хуй аз хайрӣ , дам аз бода , нам аз наргис , шам аз анбар
Чу боду абру дӯд ва барқ ояд дар всоқи ман
Ғам аз рӯи зан , бало аз кӯйу ранҷ аз бому ҷавр аз дар
Набарди фаҳму ваҳму меҳру умеди андари ин гетӣ
Умед аз васлу меҳр аз ёру ваҳм аз шоҳу фаҳм аз зар
Шаҳаншоҳӣ ки расму роҳ ва рӯйу хуй ӯ бастад
Фурӯғ аз рӯзу нур аз шамъу зеб аз моҳу фар аз хур
Ба базму разму ҳзму азми гӯйӣ орият дорад
Каф аз ҳотам , ҳаш аз рустам , тан аз бежан , дил аз ҳайдар
Ба хашму ҳаламу афв ва табъ бардорад агар хоҳад
Раг аз хоку таг аз боду нам аз обу туф аз озар
Ҷаҳонро хусраву султону шоҳ ва шаҳриёр омад
Чаҳ аз давлат , чаҳ аз толеъ , чаҳ аз манзар , чаҳ аз мухбир
Ба аҳду даҳру шаҳру чарх холӣ кард аҳд ӯ
Замин аз ранҷу даҳр аз ҷавру чарх аз наҳсу шаҳр аз шар
Ҷҳондоро , сипоҳу хайлу фавҷ ва лашкарат дорад
Дил аз оҳан , тан аз ҷавшан , сар аз хуфтон , бар аз мғФр
Шудаи маликат ба ту хубу бадеъу дилкашу зебо
Чу табъ аз боғу роғ аз шоху шох аз баргу барг аз бар
Ба хишту теғу шули гирифтаи пеши ту оранд
Паланг аз шх , ҳзбр аз ки , наҳанг аз баҳру шер аз бар
Туе хуршеду шоҳу шеру султони андарин олам
Ҳам аз ҳиммат , ҳам аз ҳишмат , ҳам аз ҳайбат , ҳам аз гавҳар
Шудаи ҳазрат ба ту хуи бадеъу дилкашу равшан
Чу шамъ аз шан , камон аз шоху дръ аз ҳалқа , тир аз пар
Ҳаме то рангу буиу ҷилду номи ту падеди орад
Зар аз сим ва май аз об ва хаз аз мӯӣу гул аз ъбҳр
Мабодои холӣу фарду тиҳӣ ҳар рӯзи хусрав ро
Дил аз шодӣу лаб аз ханда , каф аз ҷому сар аз афсар