Аё санои ту бар ҷумлаи хилоиқи фарз

Кам аз бузургии ту осмон ба тӯл ва ба арз

Ту шамси динӣ ва бар шамс осмон гаштаст

Намози бурдани сӯй дар рафеъи ту фарз

Умеди ризқи зи девони ҷӯад ту дорад

Ҳар он касе ки диҳад лашкарамоне арз

зи сайри ҳафт ситора , зи даври ҳафт фалак

Чу ту наёяд як тани алии басити аларз

Туро шуд ситами банда , ки кардем озод

Ҳам аз ънои савол ва ҳам аз Ақилаи қарз